Наворҳои ноком аз филми «Очень странные дела»: Дэвид Харбор бе ханда “бибӣ” гуфта наметавонад

Хадамоти онлайнии Netflix мухлисону ҳаводорони силсилафилми «Очень странные дела»-ро бо наворҳои ҷолибе, ки пас аз омода шудани филм дар экран ба намоиш дода нашуда буд, аз се фасли филм ҷамъ оварда нашр намуд.

1 октябри соли равон хадамоти Netflix видеои фасли чоруми силсилафилми «Очень странные дела»-ро пахш кард. Созандагони лоиҳа Мэтт ва Росс Дафферҳо аллакай номи саҳнаи аввалро гуфтанд. Он «Клуб адского пламени» (Hellfire Club) номгузорӣ шудааст.

«Очень странные дела» филми фантастикӣ буда, коргардони он Мэтт Даффер, Росс Даффер ва Шон Леви мебошанд. Дар нақшҳои асосии лоиҳа Вайнона Райдер, Дэвид Харбор ва Финн Вулфард ҳунарнамоӣ намудаанд.

Сарчашма: kinopoisk.ru