Panic! At the Disco ва Weezer барои «Холодное сердце 2» тарона сароиданд

Таронаи нав барои филми аниматсионии студияи Disney «Холодное сердце 2» пешниҳоди мухлисони ин лоиҳаи машҳур гардонида шуд.

Албом аз ҳашт суруди аслии Кристен Андерсон-Лопес ва Роберт Лопес иборат мебошад. Таронаҳоро ҳунармандони шинохта ба мисли Идина Мензел, Кристен Белл, Ҷош Гад, Ҷонатан Грофф, Эван Рэйчел Вуд ва ҳамчунин Panic! At the Disco, Weezer бо ҳамроҳи Кейсӣ Масгрейвс сароиданд.

Филми тасвирии “Холодное сердце” санаи 28 ноябри соли ҷорӣ ба дӯстдорони синамо пешниҳод мегардад.