Қаҳрамонҳои навбатии UFC киҳоянд? Ҳабиб гуфт

Муҳорибагари овозадори доғистонӣ Ҳабиб Нурмагомедов се варзишгарро номбар кард, ки бояд дар оянда қаҳрамони UFC шаванд.

Ба бовари Нурмагомедов Пётр Ян, Забит Магомедшарипов ва Ислом Махачев дар оянда метавонанд унвони қаҳрамонии созмони бонуфузи UFC — ро соҳиб шаванд.

«Ян, Забит, Ислом», — навиштааст Ҳабиб дар саҳифаи расмии UFC Russia дар ҷавоб ба саволи қаҳрамонҳои оянда аз Русия киҳоянд.

Дар баробари ин дар саволнома чор муҳорибагар интихоб шуда буданд, ки миёни онҳо номи Ислом Махачев набуд.

Бояд гуфт, ки Пётр Ян панҷ бор ба ҳашткунҷаи UFC баромада пирӯз шудааст. Магомедшарипов шаш маротиба аз октагон бо сари баланд баромадааст, Махачев бошад ҳашт бор ба қувваозмоӣ баромада як бор шикаст хӯрдааст.

Хотиррасон мегардем, ки пештар Нурмагомедов гуфт, ки муҳорибаи навбатӣ дар фаъолияти варзишияш метавонад охирин бошад. Рақиби навбатии Ҳабиб бояд Тонӣ Фергюсон шавад ва интизор меравад, ки қувваозмоӣ дар Русия баргузор шавад.