Репсаро Pouya барои ҳунарнамоӣ ба Маскав меояд

Репсаро ҷавон Pouya рӯзи 25 феврали соли 2020 дар клуби шаҳри Маскав “Aglomerat” ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии агентии Pop Farm, ки ташкилкунандаи ин чорабинӣ ба ҳисоб меравад, хабар додааст.

Pouya, ки номи аслия Кевин Пуя буда, аз Майамӣ мебошад, ба мухлисони жанри реп ҳунару истеъдоди худро нишон медиҳад. Сараввал ӯ барои худ тахаллуси Baby Bone интихоб карда буд. Аввалин албоми студиягии репсаро «Underground Underdog» ном дошт. Он соли 2016 пешниҳоди ҳамагон гаштааст ва ба даҳгонаи беҳтарин эҷодиёти iTunes ворид гардидааст. Соли 2018 ӯ репи нави худ «Five Five»-ро нашр намуд. Охиринаш бошад, албоми «The South Got Something to Say», ки соли ҷорӣ нашр гардида буд, ба ҳисоб меравад.

Сарчашма: intermedia.ru