Сабт шуд: Коргардони филми

Наворбардории филми саргузаштии «Форсаж 9» аллакай ба анҷом расид. Коргардони тасвир Ҷастин Лин дар ин бора ба ҳаводорони худ дар Твиттер иттилоъ дод. Вай ҳамчунин ба тамоми шаҳрҳое, ки дар он наворбардории лоиҳа сурат гирифтааст, миннатдории худро изҳор кард.

«Ин иттилооти расмӣ аст. Сабти филми “Форсаж 9” ба итмом расид. Ин бешубҳа лоиҳаи шуҳратпарасте буд, ки ман дар он ширкат варзидаам. Бо боварӣ мегӯям, ки ин лоиҳаи беҳамто мебошад ва гурӯҳи иштирокчиёни он низ хеле нафарони аҷиб, ҳунармандони боистеъдод буданд, ки моро дар Лондон, Эдинбург, Тифлис (Тбилисӣ), Пхукет, Крабӣ ва Лос-Анҷелес ҳамроҳӣ намуда, ба мо кумак карданд. Ба ҳамаи иштирокчиён ва ҳамчунин ба шаҳрҳое, ки дар он ҷо наворбардории филм гузашт, сипосгузорам”, — навиштааст ӯ.

Дар филм, ки сужаи он бо қисми ҳаштум иртибот дорад, ҳунармандони шинохта аз қабили Шарлиз Терон, Вин Дизел, Финн Коул, Хелен Миррен, Мишел Родригес, Наталӣ Эммануэл, Ҷордана Брюстер, Лукас Блэк, Ҷон Сина, Тайриз Гибсон ва дигарон ҳунарнамоӣ намудаанд. Эҳтимол дорад, ки тамошобинон бори дигар Пол Уокерро дар экран бубинанд, ки тасвири он аллакай бо истифода аз аниматсияи компютерӣ дар қисми ҳафтум аз нав сохта шудааст.

Нахустнамоиши «Форсаж 9» моҳи майи соли 2020 дар назар аст. Хотиррасон мегардем, ки «Форсаж 8» дар намоиши ҷаҳонӣ беш аз 1,2 миллиард доллар ба хазинаи худ ворид намуд.

Сарчашма: kinonews.ru