Сармураббии дастаро барои ғолибият бо натиҷаи 27:0 аз вазифааш ронданд

Дар Италия сармураббии дастаи наврасони «Инвикта Сауро» пас аз пирӯзӣ бо ҳисоби 27:0 бар дастаи «Марина Калчо» аз мақомаш барканор карда шуд.

«Воқеан мо дар ҳайрат мондем ва изҳори таассуф мекунем аз ин гуна натиҷаи бозӣ. Ин ҳамаи рӯҳияи эҳтирому арзишҳои футболи ҷавононро поймол мекунад: рақибро бояд эҳтиром кард, имрӯз бошад ин тавр нашуд.

«Ман сидқан аз дастаи «Марина Калчо» узр мепурсам ва эълон мекунам, ки шӯрои директорон якдилона тасмим гирифт сармураббӣ Риччиниро ба истеъфо равон кунад», — изҳор дошт президенти «Инвикта Сауро» — Паоло Брогеллӣ.