«Шестеро вне закона»: Саёҳат ба Флоренсия бо ҳамроҳии Райан Рейнолдс

Netflix навори нави филми «Шестеро вне закона»-ро нашр намуд, ки нисбат ба трейлери аввал на он қадар ҷиддӣ аст. Райан Рейнолдс бо ҳамроҳии Дэйв Франко ва Адриа Архона ба шаҳри Флоренсия мераванд. Дар шаҳри сафаркардаи худ аз ҷойҳои зебо дида лаззат мебаранд ва персонажи Райан фикр мекунад, ки чаро онҳо вазифаи аввалашонро аз ягон чизи осонтар шурӯъ накарданд.

Сужаи марказии филм шаш нафар милиардере мебошад, ки марги худро ташкил мекунанд. Онҳо аз чашми мардум нопадид шуда, як дастаи пинҳониро барои мубориза бурдан бо ҷинояткорӣ ҷамъ меоранд. Ин гурӯҳро қаҳрамони Рейнолдс роҳбарӣ мекунад.

Сарчашма: kinopoisk.ru