Ситораи филми

Ҳунарпешаи номии амрикоӣ Ҷо Пешӣ («Казино», «Один дома») албоми яккаашро ба нашр мерасонад. Тавре нашрияи Consequence of Sound хабар додааст, соли 1968 Пешӣ албоми «Little Joe Sure Can Sing!»-ро дар гурӯҳи Joey Dee ва Starliters ва соли 1998 пластинкаи дуюми худ «Vincent LaGuardia Gambini Sings Just for You»-ро (номи он аз персонаже, ки Ҷо дар филми «Мой кузен Винни»офарида буд, гирифта шудааст) бароварда буд. Пешӣ кори навбатии студиявии худро «Still Singing» номгузорӣ намудааст.

Албом аз 13 суруд иборат мебошад, ки ба он суруди муштарак бо Адам Левин аз гурӯҳи Maroon5 низ ворид шудааст. Санаи нашри ин албом 29 ноябри соли равон гуфта мешавад, ки пас аз ду рӯзи баромадани ин албом, намоиши филми Мартиа Скорсезе «Ирландец», ки дар он Ҷо Пешӣ яке аз нақшҳои марказиро мебошад, ба тамошобинон пешкаш карда мешавад.

Ситораи филми "Один дома" албоми навашро нашр мекунад  Ситораи филми «Один дома» албоми навашро нашр мекунад

Номгӯи сурудҳои албоми «Still Singing»:

  1. How About You
  2. Falling In Love is Wonderful
  3. I Remember April
  4. I’ll Be Seeing You
  5. Round Midnight
  6. If I Should Lose You
  7. My Cherie Amour (feat. Adam Levine)
  8. In My Solitude
  9. Folks Who Live On The Hill
  10. If I Ever Lost You
  11. The Nearness of You (feat. Jimmy Scott)
  12. Exodus
  13. Baby Girl (feat. Adam Levine)