Студияи 20th Century Fox аз рӯи асари Ҷек Лондон филм мебардорад

Ширкати синамоии 20th Century Fox пораи аввалини филми «Зов предков»-ро нашр намуд, ки он аз рӯи романи Ҷек Лондон ба навор гирифта шудааст.

Филм аз саргузашти саге, ки Бак ном дорад, қисса мекунад, ки аз Калифорния ба Юкон интиқол меёбад. Ҳангоми дар он ҷо пайдо шудани саг, дар минтақа бемории гузарандаи тиллоӣ паҳн шуда буд. Бак аз як саги одӣ ба саги сайёр мубаддал мегардад. Баъдан одамонро тарк намуда, галаи гургонро роҳбарӣ мекунад.

Дар нақшҳои асосӣ Харрисон Форд, Дэн Стивенс, Омар Сӣ, Карен Гиллан, Брэдлӣ Уитфорд ва Колин Вуделл ҳунарнамоӣ намудаанд. Саг бошад бо истифода аз технологияи компютерӣ сохта шудааст.

Коргардони филм Крис Сандерс буда, филмнома ба Майкл Грин тааллуқ дорад. Нахустнамоиши ҷаҳонии филм 21 феврали соли 2020 баргузор мешавад.

Сарчашма: intermedia.ru