Суруди гурӯҳи Pet Shop Boys аз албоми нав нашр гардид

Гурӯҳи бритониёии Pet Shop Boys ба мухлисону ҳаводорони савту наво тарона ва клипи тозаэҷоди «Burning the Heather» пешниҳод кард.

Ин оҳанг ба албоми нави онҳо — «Hotspot» ҷойгир карда шудааст, ки 24-уми январи соли 2020 ба ҳамагон дастрас мегардад. Албом ҳамагӣ аз 10 тарона иборат хоҳад буд, ки суруди каме пештар нашршудаи «Dreamland»-ро ҳам дарбар хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Pet Shop Boys соли оянда барои муаррифии албом бо сафари ҳунарӣ ба Бритониёи Кабир ва Аврупо раҳсипар мегардад. Овозхонҳо ҳамчунин дар Олмон, Белгия, Австрия, Нидерланд, Лаҳистон (Полша), Шветсия ва Финляндия ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Рӯйхати сурудҳои албоми «Hotspot»:

  1. Will-o-the-wisp
  2. You are the One
  3. Happy People
  4. Dreamland (featuring Years & Years)
  5. Hoping for a Miracle
  6. I don’t Wanna
  7. Monkey Business
  8. Only the Dark
  9. Burning the Heather
  10. Wedding in Berlin