Таҳсили ройгон дар донишгоҳи University of British Columbia, Канада

Муҳлати охирин қабули дархост: 15 январи соли 2020

Грант: 10,000 CAD дар як сол

Кай: ҳамасола

Дар куҷо: Канада

Тавсиф

Ҳамасола донишгоҳи University of British Columbia ба донишҷӯёни болаёқати хориҷӣ, ки мехоҳанд дар яке аз барномаҳои бакалавриат таҳсил намоянд, стипендияи Major Entrance Scholarships-ро пешниҳод мекунад. Донишҷӯён стипендияро ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳ ва тӯли чори соли таҳсил ба даст оварда метавонанд.

Ба стипендияи мазкур нафароне довталаб шуда метавонанд, ки ба яке аз барномаҳои бакалавриати донишгоҳи University of British Columbia ҳуҷҷатҳои худро супоридан мехоҳанд.

Талабот барои дохилшавӣ.

Ҳаҷми стипендияи пардохтмегардидаи ҳамасола ҳар хел мебошад.

Талабот барои довталабон

Ба стипендияи мазкур довталаб шуда метавонанд:

  • нафароне, ки бори аввал ба донишгоҳи University of British Columbia пас аз хатми мактаби миёна дохил шудан мехоҳанд;
  • донишҷӯёни хориҷӣ бо визаи донишҷӯӣ таҳсили худро давом медиҳанд;
  • сатҳи баланди таҳсил, рушди дараҷаи малака ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ.

Нафароне, ки ҳуҷҷатҳои худро ба донишгоҳи University of British Columbia месупоранд, ба таври автоматӣ ба стипендияи он номзад мегарданд. Агар донишҷӯ ба рӯйхати нафарони бадастовардаи стипендия дохил шавад, пас ӯ дар тӯли се ҳафта аз он (моҳи феврал — апрел) хабардор карда мешавад.

Маълумоти муфасал дар сомонаи донишгоҳ.

Тамос

The University of British Columbia2329 West Mall Vancouver, B.C. Canada V6T 1Z4The University of British Columbia3333 University WayKelowna, BC Canada V1V 1V7

604.822.8999

http://you.ubc.ca/financial-planning/scholarships-awards-international-students/

Сарчашма: grantist.com