“Туро дигар намехоҳам”: Мбаппе ба “Реал” гузаштанист

Ҳамлавари дастаи “ПСЖ” Килиан Мбаппе фаъолияти варзишияшро дар бошгоҳи “Реал” идома хоҳад дод.

Модари Мбаппе, ки намоянда ё худ ангенти ӯ ба ҳисоб меравад, — гуфт, писараш бо бошгоҳи фаронсавӣ қарордоди ҳамкориро идома намедиҳад ва ба дастаи “Реал” гузаштан мехоҳад. Вай дар ин мавзӯъ бо роҳбарияти бошгоҳи “Реал” гуфтушунид анҷом додааст. Гуфта мешавад, ки Мбаппе футболбозии дастаи мадридиҳо мегардад, агар ба хазинаи “ПСЖ” 400 миллион евро пардохт намояд.

Шартномаи Килиан Мбаппе бо дастаи “ПСЖ” тобистони соли 2020 ба поён мерасад. Дар мавсими ҷории Қаҳрамонии Фаронса футболбоз 7 бозӣ ҳунарнамоӣ карда, ба задани 5 гол ва 3 партофти натиҷаовар даст ёфтааст.