«Tusa»: тарона ва клипи нав аз Никӣ Минаж ва Karol G

Овозхони шинохтаи амрикоӣ Никӣ Минаж ва сарояндаи колумбиягӣ Karol G ба мухлисону ҳаводорони худ клипи таронаи «Tusa»-ро пешкаш гардониданд. Дар навор хонаи боҳашамати бо ранги гулобӣ орододашудаи дорои қандили булурин ва зарфҳои хеле зебои дар миз гузошташуда ва ҳайкалҳои дар боғи ҳавлӣ буда, ки зинда шуда мерақсанд, дида мешавад.

Моҳи сентябри соли равон Никӣ дар бораи муваққатан қатъ намудани фаъолияти эҷодии худ гуфта буд. Аз он лаҳза ба ин сӯ ӯ ба мухлисону ҳаводорони худ аллакай якчанд суруди нав, ба мисли «Fendi» бо ҳамроҳии PnB Rock ва Murda Beatz пешниҳод намуд.