Уилл Смит версияи нави филми «Матрица»-ро пешниҳод намуд

Уилл Смит версияи филми тахайюлии «Матрица»-и омодакардаи худро, аниқтараш ҳаваскоронаи худро, ки бо писари калонияш Трей ба навор гирифтааст, ба ҳамагон пешниҳод кард. Видеои филм дар саҳифаи Instagram-и ҳунарманд нашр гардидааст.

«Вақте ки ӯ ба воя расид, мо ҳар рӯзи таваллудаш ҳар як саҳнаи филмро бо номи «Трейтрикс»ро ба навор мегирифтем. Ман як писари бад будам, ки вайро куштан мехостам, аммо ӯ кӯшиш мекард, ки оилаашро муҳофизат кунад. Зодрӯз муборак, мард. Шояд вақти он расидааст, ки қисми навро ба навор гирем. Бовар дорам, ки акнун ту мағлуб карда метавонам”, — навиштааст ӯ. Видеоролики мазкур бо мусиқии худи филми тахайюлӣ омода шудааст.

Хотиррасон мегардем, ки Уилл Смит замоне аз довталабҳои асосӣ барои нақши Нео ба ҳисоб мерафт. Вале иштирок дар идомаи филми «Матрица»-ро рад кард, зеро ба маънои сужаи филм сарфаҳм нарафт. Баъдан вай аз ин тасмими гирифтааш пушаймон гашт.

Сарчашма: kinonews.ru