Шабакаи «Новости кино» пораи наве аз фасли аввали силсилафилми «Ведьмак»-ро нашр намуд.

Он дар асоси сарчашмаи машҳури адабиётӣ ва бозиҳои видеоӣ сохта шудааст. Нақши асосиро дар филм ҳунарпешаи бритонӣ Генрӣ Кавилл, ки ҳамагон ӯро аз образи Супермени олами синамои DC мешиносанд, нақшофарӣ кардааст.

Дар навор инчунин санаи нахустнамоиши лоиҳа нашр шудааст. Қисми аввали филм рӯзи 20 декабри соли равон ба тамошобинон дастрас мегардад. Аз ин пештар маълум гардид, ки хадамоти онлайнии Netflix бидуни интизории вокуниш дар лоиҳаи аввал, эҷод намудани мавсими дувумро фармоиш додааст.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳа ба асари нависандаи Полша Анҷей Сапковский асос ёфтааст ва қаблан барои як қатор бозиҳои видеоӣ низ асос гузоштааст. Охирин саҳнаи филми «Ведьмак 3: Дикая охота» соли 2015 ба нашр расида буд. Ба ғайр аз Кавилл дар варианти телевизионии филм ҳамчунин Фрейя Аллан, Ҷоӣ Бетӣ, МайАнна Беринг, Том Кэнтон, Аня Чалотра, Имон Фэррен, Бёрн Хлинур Ҳаралдссон, Адам Левӣ ва дигар ҳунармандон низ ҳунарнамоӣ кардаанд.

Сарчашма: kinonews.ru