Замони баргузории муҳорибаи Ҳабиб ва Тонӣ Фергюсон маълум шуд

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов барои муҳориба бо Тонӣ Фергюсон шартнома баст. Дар ин бора сомонаи Sports.ru хабар медиҳад.

Менеҷери варзишгар Алӣ Абдулазиз дар саҳифаи твиттераш навишт: “Қаҳрамон барои муҳориба бо Тонӣ Фергюсон шартнома имзо кард. Паҳлавон дигарбора 18-уми апрел ба Бруклин фуруд меояд. Ин маҳз барои мухлисон аст».

Аз ин пеш президенти UFC Дэйна Уайт гуфта буд, ки қувваозмоии Ҳабиб – Фергюсон рӯзи 18 апрел дар Бруклин бояд рӯйдоди муҳими мусобиқаи PPV (Pay-per-view – пардохт барои тамошо) гардад.

Муҳорибаи размикорон чор маротиба бекор карда шуда буд — бори аввал онҳо дар моҳи декабри соли 2015 бояд вомехӯрданд. Сабабҳои қатъи қувваозмоӣ вазни худро кам кардани варзишгари доғистонӣ ва бемории Фергюсон буд.

Ҳабиб Нурмагомедов моҳи сентябр бар Дастин Пуарйеи амрикоӣ дастболо шуда, унвони қаҳрамонии UFC дар вазни сабукро муваффақона ҳифз намуд.