Земфира ду таронаи навашро дар Дубай пешниҳод кард

Роксарои номдори рус Земфира, ки хеле кам консерт медиҳад, рӯзи 2 ноябри соли равон дар шаҳри Дубай дар ҷашнвораи Parus ду таронаи нав пешниҳод намуд.

Дар барномаи ҳунарнамоии сароянда 17 оҳанг, инчунин дуто нахустнамоиш — «Abuse» ва «Goodbye» дохил шуд. Сабти ҳаваскоронаи иҷрои консертӣ дар YouTube-канали Inner Emigrant пахш шудааст. Муҳлати намоиши расмии сурудҳо ҳоло маълум нест.

Таронаи пешинаи Земфира «Ҷозеф» моҳи сентябри соли 2018 баромада буд.