15 бошгоҳе, ки ба бозигаронаш маоши баландтарин медиҳад

Нашрияи Sportingintelligence рейтинги серпардохттарин бошгоҳҳои ҷаҳони варзишро нашр кард.

Ҳангоми тартиб додани рӯйхат маоши миёнаи бозигарон ба назар гирифта шуда, иловапулиҳо сарфи назар гардидааст.

Садрнишини ҷадвал бошгоҳи “Барселона” гардидааст, ки ба ҳисоби миёна ба футболбозонаш € 11 081 282 пардохт мекунад.

Мақоми дувум бо нишондоди € 10 062 090 насиби дастаи “Реал Мадрид” шудааст. Ба сегонаи нахустин инчунин бошгоҳи “Ювентус” (€ 9 119 076) дохил гардидааст.

15-гонаи беҳтарин ин аст:

  1. «Барселона» – € 11 081 282
  2. «Реал» – € 10 062 090
  3. «Ювентус» – € 9 119 076
  4. «Портленд Трэйл Блэйзерс» (НБА) – € 9 058 786
  5. «Голден Стэйт Уорриорз» (НБА) – € 8 952 374
  6. «Орландо Мэҷик» (НБА) – € 8 550 449
  7. «Оклахома-Сити Тандер» (НБА) – € 8 511 030
  8. «Денвер Наггетс» (НБА) – € 8 402 631
  9. «Майамӣ Хит» (НБА) – € 8 390 572
  10. «Кливленд Кавалйерс» (НБА) – € 8 308 078
  11. «Хюстон Рокетс» (НБА) – € 8 266 078
  12. «ПСЖ» – € 8 061 793
  13. «Манчестер Ситӣ» – € 7 881 463
  14. «Лос-Анҷелес Клипперс» (НБА) – € 7 820 865
  15. «Филаделфия Сиксерс» (НБА) – € 7 778 458.

Сарчашма: championat.com