20 ситораи машҳуртарини Instagram: Криштиану Роналду дар ҷои аввал

Ҳамасола шабакаи иҷтимоии Instagram рӯйхати шахсиятҳоеро, ки дорои пайнавардони (подписчик) зиёд мебошанд, нашр мекунад.

Садрнишини рӯйхати имсолаи бистгонаи беҳтарин футболбоз Криштиану Роналду (бо 192 миллион нафар пайнавард) гардид.

Дар зинаи дуюм овозхон Ариана Гранде (бо 168 миллион нафар) қарор гирифт ва ҷойи сеюмро Дуэйн «Скала» Ҷонсон (164 миллион) сазовор гашт. Собиқ маликаи инстаграм Селена Гомес бо 163 миллион ҷойи чорумро ишғол намуд.

Идомаи рӯйхатро Ким Кардашян (153 миллион), Кайлӣ Ҷеннер (152 миллион), Лионел Мессӣ (137 миллион), Бейонсе (135 миллион), Неймар (129 миллион), Тейлор Свифт (123 миллион), Ҷастин Бибер (122 миллион),  Кендалл Ҷеннер (119 миллион), Никӣ Минаж (108 миллион), Ҷеннифер Лопес (106 миллион), Майлӣ Сайрус (102 миллион), Хлоӣ Кардашян (101 миллион), Кэтӣ Перрӣ (87,4 миллион), Кортнӣ Кардашян (84 миллион), Кевин Харт (81 миллион) ва Эллен Деҷенерис (80 миллион) сазовор шуданд.

Сарчашма: intermedia.ru