25 қоидаи зиндагии Лионел Мессӣ

Дар бораи ман пойҳоям сухан мегӯянд.

Ман ба чӣ машғул ҳастам – футбол бозӣ мекунам, футбол бошад – бозиест, ки ман дӯст медорам.

Ман аз 12-солагӣ дар Барселона зиндагӣ мекунам, вале худро аргентинӣ мешуморам, ҳарчанд бисёри аргентиниҳо баръакси ин меҳисобанд.

Фикр мекунам, худхоҳ наям. Он ҳанӯз аз худ дарак надодааст.

Ман ба қаҳрамонҳое чун Пеле, Марадона ва ё Дӣ Стефано (футболбози испанӣ ва аргентинӣ, ки дар “Реал Мадрид” ҳунарнамоӣ мекунад) бо камоли эҳтиром муносибат мекунам, аммо ман намехоҳам, ки маро айни замон бо онҳо муқоиса кунанд. Дар ин бора вақте суҳбат мекунем, ки ман ба нафақа рафтам.

Ман аз хурдӣ хеле ором зиндагӣ мекунам ва вақти зиёди худро ба футбол мебахшам. Вақте хурд будам, рафиқонам маро ҳамеша ба сайругашт даъват мекарданд, лекин ман бо онҳо кам мегаштам, зеро медонистам, ки фардо машқу тамрин дорам. Аз он замонҳо ҳеч чиз иваз нашудааст. Агар дӯстонам ба ҷое раванду маро таклиф кунанд, ман дар хона мемонам.

Қурбонӣ ва истеъдод ҳамеша дар паҳлӯи ҳаманд.

Зиндагӣ зеботар мешуд, агар ҳар рӯз як чизи нав аз худ мекардед.

Ман муқобили беҳтарин шудан нестам. Танҳо барои он ки худро аз нуқтаи камол танқид намоям.

Ман комёбии худро ба ҳеч чиз чен намекунам. Ҳар коре ки дирӯз рӯй дод, дирӯз шуд, бояд дар бораи фардо чӣ мешавад, фикр кард. Зиндагии ман бисёр зуд мегузарад, ки дар бораи гузашта биандешам. Ҳамин ки ба нафақа рафтам – дар мавриди ҳама чиз фикр хоҳам кард.

Ҷоизаҳо – хубанд, аммо онҳо набояд маро, балки рӯзноманигоронро нигарон созанд.

Ман наметавонам зеботарин голи худро номбар кунам. Ман дар бораи голҳо монанди чизҳои муҳим ва ғайримуҳим меандешам, на ин ки чун зебо ва нозебо. Голҳо дар финал – ҳамеша муҳим ҳастанд.

Дар ҳар сабқат ман танҳо бозӣ мекунам – гӯё ки ин финал аст.

Замоне, пас аз бозӣ як ҷавон аз бошгоҳи “Арсенал” ба назди ман омаду гуфт, ки дар як майдон бо ман бозӣ кардан мояи ифтихораш аст. Ман ба худ гуфтам: “Худоё, инро касе мегӯяд, ки дастааш ҳамин ҳоло бохт”.

Дар зиндагӣ аз бурду бохт чизҳои басо муҳимтар ҳастанд.

Падар шудан – яъне ба ҳодисаҳо бо чашми дигар нигаристан аст. Дирӯз ту миллион корҳои муҳим доштӣ, аммо имрӯз фарзандат ба муҳимтарин табдил меёбад.

Дар яке аз лаҳзаи умр бояд ба худ бигӯед: ҳеч кас наметавонад ҳама вақт ғолиб ояд.

Пул маро ба хуб бозӣ намудан водор намекунад. Ман то ҳол худро кӯдаке мепиндорам, ки тӯбро бо зориву тавалло аз модараш гирифтаву ба кӯча баровардааст. Рӯзе ки ин эҳсос нопадид шуд, ман футболро тарк мекунам.

Агар ба ман чун фулбозбози касбӣ пардохт карданро бас мекарданд, ман бепул бозӣ мекардам. Албатта, пул зиндагиро роҳаттар месозанд, вале илҳомбахши ман буда наметавонанд. Ман барои дар футбол бозӣ кардан умр ба сар мебарам, на барои он ки ҳолати иқтисодии худро беҳтар созам.

Барои ман ороиши мӯйи печида ё тани зебо лозим нест. Фақат ба пойҳоям тӯбро партоед ва ман ба шумо ба чӣ қодир буданамро нишон медиҳам.

Ман фикр мекунам, ки Роналду беҳамтост ва набояд ҳасад бурд. Агар Роналду намебуд, ман кӯшиши гузаштани ӯро намекардам, яъне дар ҷойи худ боқӣ мемондам.

Ғамгинтарин рӯз дар зиндагӣ – вақтест, ки дарк мекунӣ ки аллакай беҳтарин намешавӣ.

Ман бештар дар бораи одами хуб будан фикр мекунам, назар ба он ки дар олами футбол беҳтарин бошам. Вагарна вақти анҷоми фаъолияти варзишиям ман бо чӣ боқӣ мемонам? Беҳтар аст, маро ба унвони як одами хуб ба ёд оваранд.

Ҳоло ҳам чизе ҳаст, ки ман болои он кор кунам. Барои мисол, мехоҳам ҳам аз пойи рост ва ҳам аз пойи чап тӯбро як хел ҳаво диҳам.

Аргентина – фақат Мессӣ нест.