Аввалин бор: Эд Ширан ҳамроҳи ҳамсараш дар клипи худ ҳунарнамоӣ кард (Видео)

Овозхонҳои маъруфи бритониёӣ Эд Ширан ва Элла Мэй клипи таронаи «Put It All On Me»-ро нашр ва пешниҳоди мухлисон гардониданд.

Дар ин видео коргардон Ҷейсон Кениг ҷуфти зиёдеро аз саросари ҷаҳон ба навор гирифтааст, ки онҳо шухӣ ва зери мусиқӣ рақс мекунанд ва зернависҳои навор бошад, ба таври мухтасар аз саргузашти муҳаббати онҳо нақл мекунад.

Худи Эд Шеран қаҳрамони ин видео гардид, ки аввалин бор бо ҳамсараш Черрӣ Сиборн нақш бозидааст.

Мухлисони сароянда дар ниҳоят аз видео ба саволҳое, ки дер боз мехостанд фаҳманд, посух хоҳанд гирифт, ки оё Эд ва Черрӣ расман издивоҷ кардаанд ва кай.

Тибқи матни дар титрбуда, онҳо моҳи январи соли 2019 издивоҷ кардаанд.

Дар охири видео, Элла Мэй то ҳол муҷаррад намудор мешавад, аммо бино ба ҳаракатҳои навор дар ҳаёти шахсии ӯ ҳама чиз хуб аст.

Сарчашма: intermedia.ru