Трейлери аввалини филми «Чудо-женщина 2: 1984», ки дар асоси комиксҳои ширкати DC омода шудааст, пешниҳоди мухлисону ҳаводоронаш гаштааст.

Ҳаракатҳои саҳнавии филм асосан солҳои 80-уми асри гузаштаро дар бар хоҳад гирифт. Дар қисми навбатӣ тамошобинон имкони дидани ҳам персонажҳои шинохтаашон ва ҳам навро доранд.

Нақши асосиро ин дафъа ҳам ҳунарпеша ва модели исроилӣ Гал Гадот мебозад. Инчунин ҳунармандони дигар аз қабили Крис Пайн, Коннӣ Нилсен, Робин Райт, Кристен Уиг, Педро Паскал, Габриэлла Уайлд, Равӣ Пател нақшофарӣ намудаанд. Коргардони лоиҳа Пэттӣ Ҷенкинс мебошад.

Тавре Энн Сарнофф, роҳбари нави киностудияи Warner Bros. хабар додааст, филми Чудо-женщина «персонажи асосии DC» мешавад, ҳатто нисбат ба Бэтмен ва Супермен низ зинаи болотарро сазовор мегардад.

Сиквели филми «Чудо-женщина 2» рӯзи 4-уми июни соли 2020 ба мухлисону ҳаводорони ин санъати зебо пешниҳод мегардад.

Сарчашма: kinonews.ru