“Беҳтарин тирандоз: Маверик”: навори “пуштисаҳнагӣ”-и парвози Том Круз нашр шуд

Парвози ҳақиқӣ. Суръати воқеӣ. Адреналини холис.

Студияи Paramount Pictures навори сабти филми ҷангии “Беҳтарин тирандоз: Маверик” (“Top Gun: Ma verick) бо иштироки Том Крузро нашр кард.

Ҷозеф Косинскӣ филмро аз рӯи филмномаи Питер Крэйг, Ҷастин Маркс ва Эрик Уоррен Сингер ба навор овардааст.

Мавзӯи асосии филм ғуруби аҳди ҷангҳои ҳавоӣ ва ивази пайдарҳами ҳавопаймоҳои ҷангии насли панҷум бо тайёраҳои бесарнишин мегардад. Том Крум нақши Маверикро бори дигар мебозад, ки ҳамакнун дар флот ба ҳайси нозири ҳавоӣ фаъолият мекунад. Ба гуфтаи Круз: “Он – филм дар бораи рақобат хоҳад буд ва он дар пайравӣ ба қисми якум рӯи навор хоҳад омад”.

Дар филм Том Круз, Вэл Килмер, Эд Харрис, Ҷон Хэмм, Майлз Теллер, Ҷеннифер Коннеллӣ и Глен Пауэлл нақшофарӣ мекунанд.

Сарчашма: media-news.com.ua