Белгия довталабонро ба таҳсили ройгон даъват менамояд!

Муҳлати охирини қабул15 феврали соли 2020

Грант: то 10 000€

Замонҳамасола

МаконБелгия

Тавсиф

Барномаи стипендиявӣ барои донишҷӯёни боистеъдоди хориҷӣ, ки мехоҳанд дар яке аз барномаҳои магистрии факултаи илмҳои донишгоҳи Katholieke Universiteit Leuven-и Белгия таҳсил кунанд, коркард шудааст.

Донишҷӯёни хориҷие, ки ба яке аз ин барномаҳо дохил мешаванд, стипендияро ба даст оварда метавонанд:

Стипендия дар як сол то 10,000€ пардохт карда мешавад (комиссия дар бораи ҳаҷми грант барои ҳар як донишҷӯ қарор қабул мекунад). Стипендия пардохти таҳсил барои 1 солро фаро мегирад ва ҳамчунин хароҷоти вобаста ба бима ва суғуртаи тиббиро мепардозад. Стипендия инчунин барои манзил пардохт мекунад, аммо пардохтҳо барои манзил ҳар сол гуногун аст.

Барои барномаҳои магистрӣ, ки таҳсили 2-соларо дар бар мегирад, стипендия танҳо барои соли дувум ба донишҷӯёне, ки соли аввалро бо баҳои аъло тамом карда бошанд, пешниҳод карда мешавад.

Талаботҳо барои довталабон

Стипендияро донишҷӯёни зерин гирифта метавонанд:

  • пештар дар донишгоҳи University of Leuven кор ва ё таҳсил накардаанд;
  • дорандаи зинаи бакалавр, ки дар дигар донишгоҳ гирифтааст;
  • зинаи магистр ва ё номзади илмҳоро надорад;
  • тасдиқ карда метавонанд, ки дар донишгоҳи ватанашон бо баҳои аъло хатм кардаанд;
  • забони англисиро хуб медонанд ( IELTS – 7; TOEFL – 94 internet-based);
  • ба таҳсил дар барномаи магистрӣ таваҷҷӯҳ доранд.

Донишҷӯён бояд ба яке аз барномаҳои магистрии факултаи илмҳо дохил шаванд. Пас аз пур кардани дархост, шумо паёмеро хоҳед дид, ки дархост бомуваффақият супорида шудааст. Шуморо зарур аст, ки он паёмакро скриншот намоед. Пас аз он дархостро барои довталабӣ ба стипендия пешниҳод намудан лозим аст ва дар идомаи он скриншотро ба суроғаи мазкур равон кардан даркор аст.

Маълумоти муфассал дар бораи стипендия дар сомонаи ташкилкунандагон.

АстрономияБиологияГеографияМатематикаФизикаХимия

Сарчашма: grantist.com