Шахсони силоҳдор Тиматиро боздошт карданд

Репсарои шинохтаи рус Тиматӣ мавриди шӯхӣ ё худ пранк қарор гирифтааст. Гуфта мешавад,  ки ки ин бозиро шарики тиҷоратии ӯ созмон додааст.

Ҳангоме ки овозхон дар шаҳри Лос-Анҷелес дар қаҳвахонаи худ Blackstar Burger субҳона мекард, шахсони мусаллаҳи ниқобдор зада даромадаанд. Онҳо аз миёни муштариёни қаҳвахона Тиматиро пурсон шуда, сипас репсароро маҷбур кардаанд, ки ба замин бихобад. Иддаои шахсони мазкур ин будааст, ки гӯё онҳо аз ҷузвдони овозхон аслиҳа ва пул пайдо кардаанд. Навори пранкро Тиматӣ дар саҳифаи инстаграми худ гузоштааст.

— Бояд гӯям, ки ман дарҳол пай набурдам чӣ воқеа рух дода истодааст, чун дар иёлот чунин корҳо хеле зиёд сар мезанад ва беҳтар аст дар ин гуна ҳолатҳо ҳаракати ноҷо анҷом надиҳӣ, — гуфтааст овозхон. – Аз ин рӯ ростқавлона мегӯям, ки 30 сонияи аввал воқеӣ буд. Пас аз он ман танҳо фаҳмидан мехостам, ки аз зери ниқоб кӣ бо лакнат фарёд мезанад? Тупняк будааст.

Яке аз нафарони “қувваҳои махсус” пранкгари машҳур Виталий Здороветский будааст. Репсаро ӯро ба Маскав даъват карда, қавл додааст, ки барояш бозии ҷавобӣ омода хоҳад кард.

— Виталийи азиз, ба Маскав биё ва ман бо ту чунон пранке мекунам ки… Ту танҳо дар рӯзи 3-юм хоҳӣ фаҳмид, ки мо бо ту шӯхӣ кардаем, — ваъда додааст Тиматӣ.

View this post on Instagram

Мой Русский корешок @igorzag сдал меня и позвал @kingvitaly что бы тот организовал и снял со мной пранк, пока я был в ЛА. Я надо сказать не сразу понял что вообще происходит, тк в штатах такие вещи случаются и лучше в эти моменты вообще не дергаться. По этому скажу честно, сек на 30 у него вышло, факт )) после я просто пытался понять кто там орет с акцентом из под маски 🤣🤣🤣 ? Тупняк редкий )) Виталий, дорогой мой, приезжай в Москву, я тебе тут такой пранк устроил бы… ты б на 3е сутки только понял что мы шутим 🤣🤣🤣

A post shared by Black Star (@timatiofficial) on

Сарчашма: intermedia.ru