Дима Билан барои маросими солинавии телевизиони

Дима Билан, овозхони маъруфи рус ҳамроҳи хоҳари хурдиаш Анна сурудеро бахшида ба соли нав сароид, ки дар шабакаи телевизионии «Россия» намоиш дода мешавад. Дар ин бора, худи ӯ дар саҳифаи инстаграмаш бо гузоштани сурати худу хоҳараш хабар додааст.

— Тааҷҷубовар! Маро бо хоҳарам Анна дар арафаи Соли нав дар шабнишинии соланавии шабакаи “Россия” тамошо кунед! — навиштааст овозхон дар поёни расм.

Ба иттилои нашрияи «gazeta.ru», Анна маҳз барои наворбардорӣ ва сабти ин суруд шуда, аз ИМА ба ватанаш омадааст. Айни замон ӯ дар Амрико таҳсил мекунад. Дар сабти солинавии суруд Валерий Меладзе, Леонид Агутин ва Сергей Лазарев низ иштирок кардаанд.

Сарчашма: intermedia.ru