Disney+ филми «Тернер и Хуч»-ро дигарбора ба навор мегирад

Хадамоти онлайнии Disney+ рӯи силсилафилми “Тернер и Хоч” кор карда истодааст. Нақши асосиро дар филми соли 1989 Том Хэнкс бозидааст. Қаҳрамони ӯ — детективи касбӣ Скотт Тернер — ба бесарусомониҳо нафрат дорад. Дар ҳаёти ӯ ҳама чиз пешакӣ ба нақша гирифта шудааст. Хуч — саги беоромтарин, бетарбиятарин ва комилан ромношуданӣ мебошад. Аммо онҳоро лозим меояд, ки дӯст шаванд, то ин ки шарики хуб шаванд.

Тибқи иттилои нашрияи амрикоии Variety, рӯи филмнома Мэтт Никс («Сложности», «Комедианты») кор карда истодааст. Ҳанӯз санаи намоиши филм маълум нест.

Cарчашма: intermedia.ru