Егор Крид ангушти дасташро шикаст

Овозхони маъруфи рус Егор Крид ҷароҳати вазнини дастӣ бардоштааст. Сароянда ангушти худро ҳангоми наворбардории клипи «Love Is» шикастааст. Ӯ дар ин бора рӯзи 2 декабр дар саҳифаи Instagram хабар дода, акси як дасти бандбударо интишор кард.

Наворбардории клипи «Love Is» муваффақона ба итмом расид. – Ангуштамро шикастам, — навиштааст Крид дар зери сурат.

Бо вуҷуди ҷароҳат, сароянда тасмим гирифт, ки консертҳоро бекор накунад. Рӯзи 2-юми декабри соли равон ӯ дар дар Воронеж ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

— Ҳатто бо ангушти шикаста Воронежро дар ҳайрат гузоштан мехоҳӣ? – пурсидаанд сарояндаро дар шарҳҳо.

— Албатта! — ҷавоб додааст Егор.

Сарчашма: intermedia.ru