Forbes бонуфузтарин занони ҷаҳонро номбар кард

Мувофиқи рӯйхати нашрнамудаи маҷаллаи Forbes, Бейонсе, Рианна ва Тейлор Свифт ба садгонаи беҳтарини занони бонуфузтарини ҷаҳон дар соли 2019 шомил гардиданд. Сароянда Рианна дар зинаи 61-уми ин рейтинг қарор гирифтааст. Ҷои 66-умро дар сархат овозхони поп Бейонсе ишғол намудааст ва ҳамкасби ӯ Тейлор Свифт дар мақоми 71-ум қарор дорад.

Зинаи баландтарини рейтингро дар миёни намояндагони шоу-бизнес ровии телевизион Опра Уинфрӣ гирифтааст. Ӯ дар ҷои 20-ум мебошад. Ғайр аз ин, ба рейтинги занони бонуфуз коргардон — Ава ДюВерней (ҷои 79) ва ҳунарпеша Риз Уизерспун (ҷои 90) дохил шуданд.

Дар ҷамъбасти соли сипаришаванда, зинаи назаррасро арбоби давлатӣ ва сиёсатмадори Олмон Ангела Маркел сазовор гардид. Ба сегонаи асосӣ, инчунин президенти Бонки Марказии Аврупо Кристин Лагард ва 52-юмин сухангӯи Палатаи намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нэнсӣ Пелосӣ ворид шудаанд.

Сарчашма: intermedia.ru