Forbes Тейлор Свифт ва Канйе Уэстро сарватмандтарин сароянда унвон кард

Ҳамасола рӯйхати сарояндаҳои сердаромадтаринро маҷаллаи амрикоии Forbes пешниҳоди ҳамагон мекунад. Ин навбат ҷойгоҳи аввали бистгонаи беҳтаринро Тейлор Свифт бо ба даст овардани 185 миллион доллар соҳиб гардид. Дар сархати дуюм бошад, Канйе Уэст (150 миллион) ва зинаи сеюмро Эд Ширан (110 миллион) сазовор гардид.

Идомаи рӯйхатро Eagles бо ба даст овардани (100 миллион), Элтон Ҷон (84 миллион), Бейонсе ва Ҷей Зӣ (ҳар якеашон бо 81 миллионӣ), Дрейк (75 миллион), Пафф Дэддӣ (70 миллион), Metallica (68,6 миллион), Рианна (62 миллион), Трэвис Скотт (58 миллион), Кэтӣ Перрӣ ва Ҷастин Тимберлейк (57,5 миллион), BTS ва Пинк (57 миллион), Биллӣ Ҷоэл (52 миллион), Бруно Марс (51 миллион), Ҷиммӣ Баффетт ва Эминем (50 миллион) сазорони зинаҳои чашмрас гардиданд.

Сарчашма: intermedia.ru