Ҳабиб Нурмагомедов дар бораи омодагияш ба муҳориба бо Фергюсон

Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта (MMA) Ҳабиб Нурмагомедов гуфт, ки вай ният дорад омодагиҳои ҷиддӣ барои қувваозмоӣ бо ҳамтои амрикоии худ Тонт Фергюсонро дар оғози соли 2020 шурӯъ кунад. Дар ин бора сомонаи Lenta хабар медиҳад.

Варзишгари 31-солаи русиягӣ гуфт, ки вай ҳар рӯз се соат дар толор машқ мекунад. “Муҳим ин аст, ки аз ҳад зиёд тамрин намоед. Омодагии асосӣ аз моҳи январ сар мешавад”, — гуфт ӯ.

Рӯзи 11-уми декабр, падари муҳорибагар Абдулманап Нурмагомедов гуфт, ки Ҳабиб тавонистааст маҳорати худро дар зарбазанӣ беҳтар кунад.

Муҳорибаи Нурмагомедов ва Фергюсон рӯзи 18-уми апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд. Бори сеюм аст, ки варзишгари русиягӣ унвони қаҳрамони Чемпионати мутлақи қувваозмоӣ (UFC) дар вазни сабукро ҳимоя мекунад.

Дар моҳи октябр Нурмагомедов ҳамкасби амрикоии худ Дастин Порйеро мағлуб кард ва барои дувумин бор унвони қаҳрамониро ҳимоя кард. Ҳабиб дар баробари ин дар 28 қувваозмоӣ ғолибиятро ба даст овард.

Фергюсон ва Нурмагомедов дар UFC аз рӯи пирӯзӣ дар миёни варзишгарони ҳозира (12) аз ҷумлаи беҳтаринҳо мебошанд. Муҳориҳаи онҳо аллакай чаҳор маротиба бекор шуда буд. Фергюсон собиқ дорандаи унвони муваққатӣ дар сабуки сабук мебошад.