«Холодное сердце 2»

Филми аниматсионнии студияи Walt Disney «Холодное сердце 2» ба рақибони худ имконияти муваффақ шуданро намедиҳад. Тавре нашрияи The Hollywood Reporter хабар додааст, он аз 100 то 120 миллион доллар ба хазинаи худ ворид месозад.

Ҳамин тариқ, аллакай дар якшанбеи якум намоиши филми тасвирӣ 300 миллион долларро соҳиб мегардад ва дар намоиши ҷаҳонӣ бошад, эҳтимоли ба даст овардани беш аз 500 миллион долларро пешгӯӣ кардаанд.

Дар ҷои дуввум, эҳтимолан детективи «Достать ножи» мешавад, ки бо ақибмонии калон баъди филми тасвирии мазкур ҷойгир аст. Ҳаҷми маблағи умумии панҷрӯзаи ӯ аз 30 то 35 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба персонажҳо Кристен Белл, Ҷейсон Риттер, Эван Рэйчел Вуд, Ҷонатан Грофф, Алан Тюдик, Стерлинг К. Браун, Идина Мензел ва дигар ҳунармандон овоз додаанд. Таҳиягарони филм Крис Бак ва Ҷеннифер Лӣ мебошанд.

Сарчашма: kinonews.ru