«Джуманджи: Новый уровень» дорои мусиқӣ шуд

Барои филми «Джуманджи: Новый уровень» мусиқӣ офарида шуд. Албом 30 сурудро дар бар мегирад, ки муаллифи он оҳангсози бритониёӣ Генрӣ Ҷекман мебошад.

Филми «Джуманджи: Новый уровень» дар кинотеатрҳо рӯзи 12 декабри соли 2019 ба намоиш гузошта мешавад. Коргардони филм Ҷейк Кэздан аст. Дар нақшҳои асосӣ бошад, Дуэйн Ҷонсон, Дэннӣ Де Вито, Карен Гиллан, Ҷек Блэк, Эшлӣ Скотт, Кевин Харт ва Ник Ҷонас нақшофарӣ намудаанд.

 

Сарчашма: intermedia.ru