Карен Гиллан: Нақши марказии «Доктор Кто»-ро Ҷоннӣ Депп бояд меофарид

Карен Гиллан – офарандаи нақши Эмӣ Понд дар силсилафилми “Доктор Кто” ва ситораи нави “Джуманджи” ба нашрияи Fandom мусоҳиба дод ва далелҳои ҳайратовар ва ҳанӯз номаълумро ошкор кард. Дар ин бора сомонаи film.ru иттилоъ медиҳад.

Маълум мешавад, ки замоне, яъне дар аввали солҳои 2000-ум, шабакаи телевизионии Бӣ-Бӣ-Сӣ филми ҳунариеро дар бораи Доктор Кто таҳия карда буд. Интизор мерафт, ки нақши асосиро дар он Ҷоннӣ Депп бозӣ хоҳад кард ва Дэвид Йейтс, ки аз рӯи филми “Гаррӣ Поттер” маъруфият пайдо карда буд, коргардонии филмро ба уҳда хоҳад гирифт. Аммо дар охир аз ин идея даст кашиданд.

“Дар ин бора [дар бораи “Доктор Кто] ҳамеша гуфтугӯҳо буд. Ҷоннӣ Депп бояд нақши Докторро мебозид. Ин хеле ва хеле барвақт буд”, – тасдиқ кард Гиллан.

Филми “Джуманджи” бо иштироки Ҷоннӣ Депп аллакай дар кинотеатрҳои кишвар дар намоиш аст.