“Ливерпул” рақиби Муҳаммад Салоҳро харидорӣ намуд

Бошгоҳи “Ливерпул” гузариши нимҳимоятгари ҷопонии “Ред Булл Залсбург” Такумӣ Минаминоро ба даста расман тасдиқ кард.

“Ливерпул” ба футболбози 24-сола 8,5 миллион евро пардохт хоҳад кард.

Ба гузориши нашрияи Sky Sports, шартнома барои 4,5 сол имзо шудааст. Гуфта мешавад, ки Такумӣ дар бошгоҳи нав зери рақами 18 бозӣ хоҳад кард.

“Ман орзу доштам, ки бозигари “Ливерпул” бошам ва бисёр хушҳолам, ки ин лаҳза фаро расид”, — иброз дошт Такумӣ.

Ёдовар мешавем, ки Минамино дар 199 бозии дастаи “Залсбург” 64 гол дорад.

Сарчашма: eurosport.ru