“Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид

⚡️Шоми дирӯз, 1-уми декабр дар кинотеатри “Зебуннисо” маросими тақдими Ҷоизаи миллии Ҷашнвораи филмҳои тоҷикӣ “Лолаи тиллоӣ” 🇹🇯 баргузор гардид.

✅ Филми “Дӯғоб”-и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо барои бозтоби мавзӯи муҳаббат ❤️миёни зану мард дар фазои анъанавӣ дар бахши “Беҳтарин филми кӯтоҳ”,

✅ “Умар-ако”-и Далер Имомалӣ (Суғдсинамо) барои кушодани олами ботинии қаҳрамон дар бахши “Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ”,

✅ “Пудина”-и филмбардор Тахмина Ҳакимова (My Vision) барои бозтоби шоирона ва нигоҳи мавзун ба қаҳрамони филм дар бахши “Нахустин кори синамоӣ”,

✅ “Аз баландии парвоз”-и коргардон-наворбардор Акмал Восидӣ барои дастоварди инъикоси хислатҳо ва зебонигарӣ дар бахши “нахустин кори вижаи синамоӣ”

сазовори ҷоизаи миллии “Лолаи тиллоӣ” ⚱️ гардиданд.

✔️ Ҷоизаи вижаи ҷашнвора ба равоншод Комил Ёрматов барои саҳм ва поягузории синамои тоҷик 🎥 дода шуд, ки аз ҷониби ҳайати доварон ба пайвандонаш тақдим карда шуд.

“Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид  “Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид                         1“Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид  “Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид                         3“Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид  “Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид                         2“Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид  “Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид                         5“Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид  “Лолаи тиллоӣ” 🎬 ба поён расид                         4

Бояд гуфт, ки давоми 6️⃣ рӯз дар ин ҷашнвора 17 филми гуногунжанр бо ҳам рақобат карданд.

Ҷашнвораи “Лолаи тиллоӣ” лоиҳаи озмоишии маркази фарҳангии “Бактрия” дар соҳаи синамогарӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби сафорати Фаронса 🇫🇷 дар Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дастгирӣ ёфт.