«Love is»: Филми кӯтоҳе аз Егор Крид

Овозхони саршиноси рус Егор Крид ба таронаи «Love is» намоҳанг (клип) сабт намуд.

Тавре овозхон мегӯяд, намоҳанги ӯ филми кӯтоҳеро мемонад, ки Егор ҳамроҳи Давид Манукян, маъруф ба Dava, барои ишқи Кристина Асмус миёни ҳам мубориза мебаранд. Набарди эшон дар майдони баскетболбозӣ сурат мегирад.

– «Love is» – на фақат сақич, балки саргузашти муҳаббат ва муқобилати ду қаҳрамонест, ки Егор Крид ва Dava дар майдони баскетболбозӣ барои аз худ кардани дили Кристина Асмус меразманд, — мегӯянд созандагони навор. – Ва ба кумаки мо Игор Синяк ва Дина Саева, ки ҳамчун ситораи TikTok – Dina ном баровардааст, мешитобанд. Зеро ки «Love is» – фақат муҳаббат нест.

Сарчашма: intermedia.ru