Магистратураи ройгон дар донишгоҳи Оксфорд

Муҳлати охирини қабули дархостҳо: 10 январи соли 2020

Грант: пардохти таҳсил ва ҷойи истиқомат

Замон: ҳамасола

Макон: Оксфорд, Бритонияи Кабир

Тавсиф

Стипендияи фонди Кларендон (Clarendon Fund Scholarship) стипендияи аз ҳама калонҳаҷми донишгоҳи Оксфорд ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ба стипендияи мазкур 130 нафар ба магистратура роҳ меёбанд. Стипендия дар тӯли таҳсили магистратура пардохт карда мешавад. Барои дарёфти он донишҷӯён аз тамоми қитъаи ҷаҳон номзад шуда метавонанд. Стипендия хароҷоти таҳсил ва зисти донишҷӯёнро дар Оксфорд мепӯшонад. Донишҷӯён метавонанд ба дилхоҳ барномаи магистрии донишгоҳ довталабӣ кунанд, зеро ҳамаи ихтисосҳо дар барномаи стипендия иштирок мекунанд.

Талабот барои довталабон

  • Қобилияти шахсии донишҷӯ дар таҳқиқот (мавзӯи таҳқиқот, нақшаи таҳқиқот, чӣ гуна номзад ба рушди соҳаи таҳқиқот саҳм мегузорад) ба назар гирифта мешавад.
  • Ҳавасмандии донишҷӯ.

Барои гирифтани стипендия чӣ гуна дархост кардан мумкин аст

Вақте ки донишҷӯ ба яке аз барномаҳои магистрии донишгоҳи Оксфорд дархост пешниҳод мекунад, номзадии ӯ ба таври худкор ба стипендияи фонди Кларендон баррасӣ карда мешавад. Барои гирифтани стипендия ба шумо ягон ҳуҷҷати иловагӣ ё ариза пешниҳод кардан лозим нест. Аммо номзад бояд барои барномаи магистрӣ пеш аз муҳлат дар моҳи январ довталабӣ кунад. Аввали моҳи апрел, номзадҳо тавассути почтаи электронӣ қарори қабулшавӣ дар стипендия огоҳ карда мешаванд.

Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои барномаҳои омӯзишии гуногун фарқ мекунад, аммо барои ҳамаи барномаҳо моҳи январ муқаррар гардидааст.

Маълумотҳои пурраро дар сомонаи Фонд дастрас карда метавонед

Тамос:

University of OxfordUniversity OfficesWellington SquareOxfordOX1 2JDUnited Kingdom

+44 1865 270000

http://www.clarendon.ox.ac.uk

Сарчашма: grantist.com