Mail.Ru Group хадамоте ҳаммонанди “YouTube” месозад

Mail.Ru Group тасмим дорад хадамоти онлайнии худро роҳандозӣ кунад. Тавре мудири кулли ширкат Борис Добродеев дар як мусоҳиба иброз дошт, ин сервис дар чаҳорчӯби холдинг ягона сервиси видеоӣ хоҳад буд, ки тибқи модели ройгон кор хоҳад кард.

— Имсол хадамоти иттилоотии “Пулс”-ро роҳандозӣ намудем, ки натиҷаҳои бисёр хуберо нишон медиҳад: дар ҳоли ҳозир рӯзона чандин миллион одам аз он истифода мекунанд. Ният дорем, як пойгоҳи видеоии монандро ба роҳ монем, — гуфтааст Добродеев.

Ба кор андохтани платформаи нав дар соли 2020 пешбинӣ мешавад. Номи он ҳанӯз ифшо нашудааст. Муҳтавои хадамот бар асоси тавсияҳои марбут ба корбари хос муайян хоҳад шуд. Дар баробари ин, гуфта мешавад, ки он ҳаммонанди YouTube нахоҳад буд. Mail.Ru Group “сервиси ба равиши худ хос”-ро ба роҳ хоҳад монд.

Cарчашма: intermedia.ru