Мавсими нави силсилафилми

Netflix трейлери нави мавсими дуюми силсилафилми «Ты»-ро нашр намуд. Дар ролик ба тамошобинон хотиррасон мекунанд, ки дар мавсими аввал бо қаҳрамони асосӣ, Ҷо Голдберг (Пенн Бэҷлӣ) ва маъшуқаи ӯ Гвиневер Бек (Элизабет Лэил) чӣ воқеа рух дода буд.

Дар мавсими дуюми силсилафилм инчунин Чарлӣ Барнетт, Виктория Педреттӣ ва дигарон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Нахустнамоиши саҳнаҳои нав дар Netflix 26 декабри соли 2019 баргузор мегардад.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/342656