«Наследники» беҳтарин силсилафилми сол дониста шуд

Шабакаи The Guardian бар асоси дидгоҳи мунаққидони синамои нашрияи худ рӯйхати беҳтарин силсилафилмҳои соли 2019-ро нашр намуд.

Дар ин раддабандӣ пешсафӣ насиби силсилафилми «Наследники»-и шабакаи НВО гардидааст. Он дар бораи оилаи расонадорони амрикоӣ нақл мекунад. Ҷойи дуюмро силсилафилми «Дрянь» ишғол намудааст. Сеюм ҷой насиби драмаи таърихии HBO «Чернобыль» гаштааст.

Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин силсилафилмҳои «Годы», «Добродетели», «Невероятное», «Жизни матрешки», ток-шоуи мазҳакавии «Это время с Аланом Патриджем», «Катастрофа» ва «Эйфория» дохил шуданд.

Сарчашма: intermedia.ru