Netflix пораи нави силсилафилми

Дар шабакаҳо аллакай трейлери ниҳоии мавсими якуми силсилафилми «Ведьмак» дастраси мухлисону ҳаводорони синамо гардидааст. Нахустнамоиши он 20 декабри соли 2019 дар кинотолорҳо ба намоиш гузошта мешавад.

Нақши асосиро дар филм Генрӣ Кавилл бозидааст. Дар лоиҳа, инчунин Фрейя Аллан, Ҷоӣ Бэтӣ, МайАнна Беринг, Том Кэнтон, Аня Чалотра, Имон Фэррен, Берн Хлинур Харалдссон, Адам Левӣ, Ҷодӣ Мэй ва дигар ҳунармандон нақшофарӣ намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки тамошобинони қисми пешинаи силсилафилми «Ведьмак» аз саҳнаҳои тамошокардаашон қаноатманд буданд.

Хотиррасон мекунем, ки хадамоти Netflix аллакай тавлиди идомаи силсилафилмро фармоиш додааст.

Сарчашма: kinonews.ru