Беҳамто: Офарандаи «Бэтмен» шоҳасари нав месозад

Бино ба иттилои манбаъҳо, студияи Warner корро рӯйи татбиқсозии нави комиксҳои DC дар бораи Ҷон Константин оғоз кард. Лоиҳа айни ҳол дар зинаи қаблии коркард қарор дорад, вале ба иттилои манбаъҳои огоҳ, филмномаи тасвирро Маттсон Томлин – ҳаммуаллифи “Бэтмен” ва коргардони якчанд филми кӯтоҳ менависад.

Гуфта мешавад, ки студия хоҳони бозгашти Киану Ривз ба нақши Ҷон Константин аст. Ривз дар филми “Константин: Повелитель тьмы” (соли 2005) образи ҷодугари беор ва нобудкунанди девҳоро бозида буд. Худи Киану барои иҷрои нақши қаҳрамонаш саросема нест ва ҳанӯз пурра мутмаин нест, ки дар мубориза бо ҷаҳони дигар омода аст.

Беҳамто: Офарандаи «Бэтмен» шоҳасари нав месозад
Маттсон Томлин

Бояд зикр намуд, ки иттилои пешкашгардида, новобаста ба муътамад будани манбаъҳо, дар ҳоли ҳозир танҳо овоза асту халос, ки дар оянда метавонад инкор карда шавад.

Ҷон Константин, ки моҳи июни соли 1985 аз ҷониби Алан Мур сохта шуд, — шикорчии таҷрибадори девҳо ва донандаи илми тилисм мебошад, ки рӯҳаш муддатҳост нафрин шудааст. Вай бо донишҳои пурасрори санъати торикӣ ва зеҳни тези худ мусаллаҳ буда, бо қувваҳои мухталифи фавқулодда, ки мардумро озурдан мехоҳанд, муборизаи нобаробарро ба роҳ мондааст.

Пас аз филми соли 2005, ин қаҳрамон ба экранҳо дар силсилаи CW «Константин» пайдо гашт, ки нақши марказиро дар он Мат Райанро бозидааст. Лоиҳа пас аз як мавсим баста шуд ва Константин баъдан дар дигар силсилафилмҳои CW – «Стрела», «Флэш» ва «Легенды завтрашнего дня» пайдо шуд.

Сарчашма: kinopoisk.ru