Аввалин порае аз филми «Озод» (Свободный — Free Guy), ки коргардони он Шон Левӣ ба ҳисоб меравад, 7-уми декабри соли 2019 ба тамошобинон пешниҳод гардид.

Қаҳрамони асосии саргузашт, корманди оддии бонк мебошад. Ин нақшро Райан Рейнолдс мебозад. Персонажи ӯ ҳаёти танҳову ғамгинро аз сар мегузаронад. Лаҳзае мешавад, ки вай дигаргуниҳои олами худро мушоҳида мекунад ва мефаҳмад, ки дунёи ӯ бахше аз бозиҳои видеоӣ мебошад, ки дар он бозингарон чӣ коре хоҳанд, мекунанд.

Дар филм Тайка Вайтитӣ, Уткарш Амбудкар, Ҷодӣ Комер, Ҷо Керрӣ, Лил Релл ҳунарнамоӣ намудаанд.

Намоиши ҷаҳонии филми «Свободный» 2 апрели соли 2020 дар назар аст.

Сарчашма: intermedia.ru