Рассел Кроу ба кӯдак куштанро меомӯзад

Ширкати синамоии «Memento Films International» пораи (трейлери) наве аз драмаи ҷиноии «Подлинная история банды Келли» («True History of the Kelly Gang») нашр намуд. Коргардонии филмро Ҷастин Курзел («Кредо убийцы», «Макбет») буда, он бар пояи романи ҳамноми Питер Кэрӣ рӯи навор омадааст. Филмномаи онро Шон Грант («Охотник за разумом») навиштааст.

Сужаи филм аз саргузашти Нед Келлӣ — овораи австралӣ қисса мекунад. Қаҳрамон аз кӯдакӣ куштанро омӯхтааст — инро дар трейлери филм пайдо кардан мумкин аст.

Дар филм Ҷорҷ Маккэй, Рассел Кроу, Николас Холт, Эссӣ Дэвис, Томасин Маккензӣ, Чарли Ханнэм ва дигарон нақшофарӣ намудаанд. Филми мазкур 16 январи соли 2020 ба намоиш гузошта мешавад.

Сарчашма: intermedia.ru