Селена Гомес рӯйхати сурудҳои албоми навашро маълум кард

Селена Гомес, овозхони саршиноси амрикоӣ дар бораи албоми наваш, ки 10 январи соли 2020 ба мухлисонаш пешниҳод мекунад, маълумот дод. Тавре аз порае аз навор, ки дар шабакаи YouTube-и сароянда ба намоиш гузошта шуд, албом «Rare» ном дошта, 11 таронаро дар бар мегирад. Дар он инчунин кори муштараки Селена бо Кид Кадӣ ва 6lack ҷой дорад.

Дар як мусоҳибаи рӯзҳои наздик баргузоршудаи Селена ба Райан Сакрест, вай гуфтааст, ки рӯйи албом чор сол кор кардааст (аз лаҳзаи интишори охирини LP «Revival», ки соли 2015 нашр гардид). Гомес ҳамчунин дар Твиттер навишт, ки ин нусха шомили «содиқтарин мусиқӣ» аст, ки вай то кунун эҷод кардааст.

Оҳангномаи албоми «Rare»:

  1. Rare
  2. Dance Again
  3. Look at Her Now
  4. Lose You to Love Me
  5. Ring
  6. Vulnerable
  7. People You Know
  8. Let Me Get Me
  9. Crowded Room (feat. 6Lack)
  10. Kinda Crazy
  11. Fun
  12. Cut You Off
  13. A Sweeter Place (feat. Kid Cudi)

Сарчашма: intermedia.ru