Порае аз филми тахайюлии «Охотники за привидениями: Наследники», ки идомаи тасвири соли 1984-ум мебошад, ба мухлисону ҳаводорони воқеаҳои ногаҳонӣ пешниҳод гардид.

Дар нақшҳои асосӣ Кэррӣ Кун, Финн Вулфард, Маккенна Грейс ва Пол Радд ҳунарнамоӣ намудаанд. Коргардони филм Ҷейсон Райтман мебошад.

Сужаи филм дар бораи модари танҳо ва ду фарзанди ноболиғаш нақл мекунад. Онҳо ба фермаи кӯҳнаи дар Оклахом воқеъбуда мекӯчанд. Ин ферма аз падараш, ки ин зан ҳатто намешинохташ, мерос мондааст. Фарзандон дар бораи бобояшон маълумоти зиёдро фаҳмидан мехоҳанд ва аз ин рӯ ба автомобили «Ecto-1»-ро меёбанд, ки ба шикорчиёни машҳури шабаҳҳо тааллуқ дошт.

Нахустнамоиши филм дар кинотеатрҳо 9 июли соли 2020 баргузор мегардад.

Сарчашма: kinopoisk.ru