«Святая Мод»: филми наве аз рӯзгори ҳамшираҳо

Cтудияи А24 порае аз филми даҳшатангези «Святая Мод» (Saint Maud)-ро пахш намуд.

Филм аз саргузашти ҳамшираи ҷавоне, ки дар беморхонаи касалиҳои вазнин кор мекунад, нақл менамояд. Мод аз бемори вафот мекардааш ғамгин мешавад, аммо қувваҳои бад ва гузаштаи гунаҳкоронаи ӯ ба хотима гузоштани вазифаи муқаддаси ӯ таҳдид мекунанд.

Филмноманавис ва коргардони филм Роуз Гласс мебошад.

Дар филм Ҷеннифер Эл, Морфидд Кларк, Тёрло Конверӣ ва Лилӣ Фрайзер нақшофарӣ намудаанд.

Нахустнамоиши филми мазкур баҳори соли 2020 дар назар аст.

Сарчашма: media-news.com.ua