“Беҳтарин тирандоз”: Том Круз идора кардани ҳавопаймои ҷангиро ёд гирифт

Пораи дувумини филми ҷангии низомӣ «Тирандози беҳтарин 2» (Top Gun: Maverick)-ро бо иштироки Том Круз пешниҳоди дӯстдорони синамо гардид. Силсилаи аввал соли 1986 ба намоиш гузошта шуд ва чандин ҳунарманди бузургро ба ҷодаи синамо овард. Дар силсилаи дуюм рассомони машҳур ҳунарнамоӣ карданд. Дар миёни онҳо Ҷеннифер Коннеллӣ, Ҷон Ҳэмм, Вал Килмер, Майлз Теллер, Эд Харрис, Глен Пауэлл ва дигарон буданд.

Тамошобинон мошинҳои нави ҷангӣ ва насли нави ҳавонардҳои амрикоиро интизоранд. Аммо қисмати зиёди сужа ба зарбулмасали ба ҳама шинос «аспи кӯҳна, ки ҷӯякро вайрон намекунад» асос хоҳад буд. Табиист, ки Круз бояд на танҳо навкоронро биёомӯзонад, балки ба онҳо синфи воқеиро нишон диҳад. Аммо ҳанӯз маълум нест, кӣ ӯ бо кӣ муқовимат менамояд.

Омодагӣ ба сабти филм зиёд тӯл кашид. На танҳо бо сабаби марги ногаҳонии созандаи филми аввал, балки Том Круз худ идора кардани ҳавопаймои ҷангиро омӯхт, то бо ҳаракатҳои душворро мустақилона иҷро кунад.

Нахустнамоиши филм дар кинотеатрҳои ҷаҳон рӯзи 25-уми июни соли 2020 дар назар аст.

Сарчашма: kinonews.ru