Вера Брежнева:

Овозхони маъруфи украинӣ Вера Брежнева бо намояндагӣ аз ЮНЭЙДС (Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид дар умури ВНМО) барои ширкат дар Форуми минтақавии ҷавонон ва занон “Пешсафӣ – Масъулият – Амал” ба Тоҷикистон омадааст.

Вера Брежнева: "Тоҷикистон писандам омад"  Вера Брежнева: «Тоҷикистон писандам омад»

Вера Брежнова дар доираи форум бо хабарнигорон мусоҳиба орост ва ба саволҳои онҳо посух дод.

Ӯ гуфт, ҳамчун Сафири некиродаи UNAIDS дар манотиқи Аврупои Шарқӣ, Осиёи Миёна дар шаҳр ва кишварҳои гуногун қарор дошт, вале ба Душанбе омада наметавонист. Брежнева изҳор дошт, вай дар Душанбе барои дастгирӣ ва пуштибонии нафароне, ки бо ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) мушкил доранд, қарор дорад.

Вера Брежнева: "Тоҷикистон писандам омад"  Вера Брежнева: «Тоҷикистон писандам омад»            1

Ба саволи ин ки чаро бе сафари ҳунарӣ, гуфт: “Медонед, барои омадани ман ба ин ҷо ба ташкили ин сафар UNAIDS машғул буд. Онҳо маро барои ширкат дар ин форум даъват карданд. Барои бо консерт омоданам, бояд созмондиҳандае мавҷуд бошад, то таклифам намояд ва ман бо камоли майл меоям. Ман медонам, ки дар ин ҷо сурудҳои маро медонанду меписанданд. Ман бисёр мехоҳам бо консерте ба Тоҷикистон ташриф орам ва умед дорам, ки ин имкон соли оянда фароҳам меояд”.

Вера Брежнева: "Тоҷикистон писандам омад"  Вера Брежнева: «Тоҷикистон писандам омад»            2

Вера Брежнева дар идома афзуд, ки ӯро дар Душанбе гарм пазируфтаанд ва Тоҷикистон ба ӯ писанд омадааст.